Имрӯз дар толори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати канда шудани яхпора дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки намояндагони ВАО — и кишвар брифинг баргузор гардид.
Зимни брифинг Рамазон Раҳмонов сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ иброз дошт, ки саннаи 25 октябри соли 2025 он порае, ки аз пиряхи Деҳдал канда шуда, аз тариқи дарё поён лағжидааст, ки ин ҳамчун бонги хатар ва нишонаи равшани пайёмадҳои тағирёби иқлим арзёбӣ мешавад.
Инчунин қайд гардид, ки мутахасисони Маркази яхшиносии Кумитаи ҳифҳзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омӯзиши ва тадқиқотиро дар пиряхи маҳкур ба роҳ монданд вп дар натиҷаи гузаронидани корҳои тадқиқоти муаян гардид, ки пирях ҳаракати худро аз забонаи пиряхе, ки дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ба андозаи 5000 ҳазор метр ҳаракат кардааст. Сабаби ҳаракат кардани пиряхи мазкурро масъулини соҳа дар набудани боришот арзёби намуданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки айни замон тадқиқотҳо дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод аз ҷониби мутахасисони Маркази яхшиносӣ идома дорад.
О. Шарипова,
Радиои Тоҷикистон

