Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 дар соҳаи энергетика як катор рӯйдодхои муҳим ба амал омаданд, аз ҷумла баистифодадиҳии хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка Суғд» дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000, инчунин, зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи барқи обии «Себзор» (бо иқтидори 11 МВт, ноҳияи Рошткалъа), 2 неругоҳи барқи офтобӣ (3,25 МВт ва 1,62 МВт батарея, ноҳияи Мурғоб) 4 неругоҳи хурди барқи обӣ (дар маҷмуъ, 451 кВт. ноҳияҳои Дарвоз ва Рӯшон), зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал» (ноҳияи Рӯшон) ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонии неругоҳи барқӣ офтобӣ бо иқтидори 3 МВт (похижи Шуғнон) ва 42 км хати интиқоли барқи дузанҷираи 110 кВ «Вомар-Возванд» дар ноҳияи Рӯшон ва зеристгоҳи 110/35 киловолтаи «Қозидех» (ноҳияи Ишкошим) оғоз бахшида шуд, — иброз дошт вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ.
Дар мавриди натиҷаҳои фаъолият бошад, номбурда таъкид намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025, истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ 11 млрд 812 млн кВт соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млрд 445,5 млн кВт соат ё 12,2% зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли энергияи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили кишвар чунин ба қайд гирифта шуд:
— дар ҶСК «Барқи Тоҷик» 8 млрд 893,4 млн кВт соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 944,6 млн кВт соат зиёд буда, суръати афзоиш 101,9%; — дар ҶСК «НБО Сангтуда-1» 1 млрд 480,2 млн кВт соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 171,4 млн кВт соат зиёд буда, суръати афзоиш 113,1%;
— дар НБО «Сангтўда-2» 487,8 млн кВт соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,3 млн кВт соат зиёд буда, суръати афзоиш 124%;
— дар ҶСК «Помир-Энерҷӣ» 111,2 млн кВт соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 млн кВт соат кам буда, суръати афзоиш 99,6%;
— дар ҶСК НБО «Роғун» 836 млн кВт соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи гузашта 233,4 млн кВт соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 139%;
-неругоҳҳои хурди ҷумҳурӣ 6,9 млн кВт соат, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 млн кВт соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 130%;
Ҳаҷми умумии содироти энергияи барқ бо натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2025 — 1 млрд 123,3 млн кВт соат ё ба маблағи 322,6 млн сомониро ташкил дод (аз он 2,1 млн кВт соат ё 0,8 млн сомонӣ аз ҳисоби ҶСК «Помир-Энерҷи»), ки ин нисбат ба ҳамин давраи гузашта 405 млн кВт соат ё 56,4% зиёд мебошад. Содирот ба Ҷумҳурии Исломии Афгонистон ба маблағи 312 млн. сомонӣ ва ба Ҷумҳурии Узбекистон 9 млн сомонӣ содирот карда шуд.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”