НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Талафоти неруи барқ нисбат ба соли гузашта 7,5 фоиз кам шуд

Дар нимсолаи авали соли равон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 550 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 43 ҷиноят зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз Раиси ноҳияи Шоҳмансур  Сафар Олимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Инчунин гуфта шуд, ки аз ҷониби ноболиғон ва ё бо иштироки онҳо 15 ҳрлати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 6 адад зиёд мебошад.

Вобаста ба энергияи барқ иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 480 миллион килловат — соат энергеияи барқ қабул гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 миллион килловат — соат зиёд мебошад.  Талафоти технологии барқ 21, 3 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  7, 5 фоиз кам мебошад. Барои сарфакора истифода бурдани нерӯи барқу гармӣ  иттилоъ дода шуд, ки дар ин самт ҳамарӯза чорабиниҳо роҳандозӣ гардида ва корҳои пешгирии масрафи он мунтазам амалӣ шуда истодаанд.