Тоҷикистон хатсайрҳои нави ҳавопаймоӣ бо дигар кишварҳоро роҳандозӣ мекунад.
Имрӯз директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳабибулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, кихатсайрҳои нави ҳавопаймоӣ миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба роҳ монда мешаванд.
Аз ҷумла Назарзода зикр кард, ки ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр» тасмим гирифтааст парвозҳоро дар масири Душанбе-Сеул роҳандозӣ намояд. Ба гуфтаи ӯ ҳамчунин аз Душанбе ба шаҳрҳои Абу-Забӣ ва Шарҷаи АМА,ҳамчунин аз Хуҷанд ба Шарҷа парвозҳо амалӣ хоҳанд шуд.
«Ғайр аз ин, аз моҳи августи соли 2025 хатсайри нави ҳавоӣ аз Душанбе ба Гуанджоу (Чин) оғоз хоҳад ёфт» — таъкид намуд Ҳабибулло Назарзода.
Масъулин иброз доштанд, ки хатсайрҳо аз Душанбе ба Деҳлии Ҳиндустон (3 маротиба дар як ҳафта) ва ба шаҳрҳои Анқара, Истамбул ва АнталияиТуркия (шаҳри Анталия танҳо дар фасли тобистон) низ роҳандозӣ мешаванд.
Рустам Зоирзода
радиои «Тоҷикистон»