Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик як ширкати ҳавопаймоии ватанй ҶДММ «Ширкати ҳавопаймои Сомон Эйр» ва 15 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ аз ҷумла, «ЮТэйр», «Уральские авиалинии», «Северный ветер». «Сибирь» ва «Ямал»-и Федератсияи Россия, «Air Astana»-Ҷумҳурии Қазоқистон, «Uzbekistan airways»-и Ҷумҳурии Ўзбекистон, «Flydubai»-и Аморати Муттаҳидан Араб, «AZAL-и Ҷумҳурии Озарбойҷон «Turkish Airlines»-и Ҷумҳурии Туркия, «Varesh Airlines»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Jazeera Airways»-и Давлати Қувайт, «Asman Airlines»-и Ҷумҳурии Қирғизистон, «China Southern Airlines» na «Chengdu Airlines»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мунтазамро иҷро намуда истодаанд, таъкид дошт директори Агентии авиатсияи граждании назди ҲҶТ Ҳабибулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ҳамагӣ ба 1 млн 454 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136 ҳазору 800 мусофир ё 8,6% кам мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар 5 ҳазору 176 хатсайр анҷом дода шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 130 хатсайр ё 2,4% кам мебошад.
Айни замон лоиҳаи созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия, Шри-Ланка Ветнам, Малайзия, Молдова, Маҷористон, Сингапур, Миср, Кипр ва Литва дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки бо шарофати гуфтушунидҳои муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, шуруъ аз 14 марти соли 2025 парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе-Бишкек- Душанбе аз ҷониби ҶДММ Ширкати ҳавопаймои Сомон Эйр ва санаи 18 марти соли равон ба хатсайри Бишкек- Хуҷанд- Бишкек аз ҷониби Ширкати Асман Эйрлайнс барқарор гардиданд.
Шуруъ аз 1 июли соли 2025 кушодашавии хатсайри Қошғар Хучанд — Қошғар руйдоди дигари муҳим мебошад, ки аз ҷониби ширкати Ченгду Эйрлайнс — Ҷумҳурии Мардумни Чин амалӣ гардид.
Инчунин, аз ҷониби ҶСК «Тоҷик Эйр » дар 5 самти нав парвозҳо ифтитоҳ гардиданд, ки ин аз пешрафти фаъолияти ҶСК «Тоҷик Эйр» ва рушди хатсайри маҳаллиро нишон медиҳад.
Дар нимсолаи дуюми соли 2025 парвоз ба 16 кишварҳои хориҷии дуру наздик ба роҳ монда шуда, лоиҳаи ҷадвали парвозҳои мунтазами 17 ширкати ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ бо зичии умумии зиёда аз 255 парвоз дар як ҳафта ба 49 самт тасдиқ гардидааст.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”