Нақшаи даромади буҷети ноҳияи Шоҳмансур дар нимсолаи аввали соли 2025 ба маблағи 653,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асл 712.7 миллион сомонӣ ё 109 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 59 миллион сомонӣ барзиёд маблағҳо ворид гардиданд. Нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ бошад 113 фоиз таъмин гардид, ки ба буҷети маҳаллӣ 23 миллион сомонй барзиёд маблағҳо ғайр аз нақша ворид шуданд, — зикр намуд раиси ноҳия Олимзода Сафар зимни нишасти матбуотӣ.
Нақшаи хароҷоти буҷет дар нимсолаи аввали соли равон дар ноҳияи Шоҳмансур 95,8 фоиз иҷро гардид. Дар ҳудуди ноҳия 160 адад, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 адад корхона, зиёд мебошад ва дар умум дар ин корхонаҳо истеҳсоли 37 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 447,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 126,7 миллион сомонӣ зиёд буда, ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 2,6 миллион доллари амрикой нисбатан зиёд маҳсулот содирот намуданд. Рушди соҳаи саноат 131,6 фоизро ташкил медиҳад. Барои расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар 5 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолии нав ба фаъолият оғоз хоҳанд намуд. Дар ин давра 4200 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, ки нисбати соли 2024, 63 ҷой зиёд мебошад, — илова намуд раиси ноҳия.
Ба суоли хабарнигорон дар самти таъминоти неруи барқ таъкид шуд ки дар ҳаҷми 480 миллион киловат соат неруи барқ қабул гардида 37 киловатт соат нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда бештар мебошад.
Аз тарафи комиссияи давлатии қабули иншоот дар маҷмуъ дар масоҳати 45406 м2 қабул шудааст.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”