НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Насби истгоҳи базавии насли 5G ба 55 адад расонида мешавад

Ҳоло дар шаҳри Душанбе 20 адад ва шарҳи Хуҷанд 2 адад истгоҳи базавии насли 5G насб ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд. Дар ин бора Исфандиёри Саъдулло сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки то охири соли равон шумори истгоҳи базавии насли 5G ба 55 адад расонида мешавад.

Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар 3 соли оянда гузариши пурраи интернетӣ мобилӣ ба наслҳои 4G ва 5G аз рӯи минтақа, инчунин то 80 фоиз таъмини дастрасии аҳолӣ бо интернети собит ба нақша гирифта шудааст.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои “Тоҷикистон”