Дар нимсолаи якуми соли 2025 мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 23853,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 фоиз ё 2109,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора санаи 16 июли соли равон дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд, илова мегардад, ки ин нишондод дар муқоиса ба суръати рушди ҳамин давраи соли 2024-ум 0,1 банди фоиз зиёд мебошад. Аз он ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ ба 15891,3 миллион сомонӣ ва чорвопарварӣ ба 7962,5 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маҳсулоти растанипарварӣ 9,0 фоиз ё 1306,5 миллион сомонӣ ва чорводорӣ 11,2 фоиз ё 803,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 54,1 фоиз ва бахши аҳолӣ 45,9 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладона ба 679065 тонна, картошка 267929 тонна, сабзавот 1217009 тонна, полизӣ 590881 тонна, мевагиҳо 297731 тонна, ангур 3738 тонна ва хӯроки чорво 496962 тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли картошка 819 тонна (100,3%), полизӣ 177916 тонна (143,1%), мевагиҳо 72905 тонна (132,4%), ангур 1034 тонна (138,2%) ва хӯроки чорво 43903 тонна (109,7%) зиёд мебошад.