Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд

16 июл Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибни Тавқ Ал-Маррӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳарду кишвар ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар ин самт нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро муҳим медонанд.

Роҳандозии парвозҳои иловагӣ байни пойтахтҳо ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб  барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва зиёдшавии ҳаҷми савдои хориҷӣ  муҳим арзёбӣ гардид.

Дар маҷмуъ ҳарду ҷониб алоқамандии худро ба таҳким ва густариши робитаҳои судбахш таъкид намуданд.