Баргузории Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят — Реҷенси»-и шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои соҳаҳои энергетика, сайёҳӣ, сохтмон, нақлиёт, логистика молиявию бонкдории Тоҷикистону АМА иштирок намуданд. Дар маросими ифтитоҳи расмии Форуми мазкур вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода ва сайёҳии АМА Абдулло ибни Тавқ Ал Марри баргузории чорабиниро қадами муҳим дар тавсеаи имкониятҳои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ҳар ду кишвар арзёбӣ намуданд. Қайд гардид, ки дар соли 2024 гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва АМА ба 91,9 миллион доллари ИМА расид, ки ин 2,1 маротиба бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. 

Инчунин гуфта шуд, ки бо вуҷуди назардошти мавҷудияти имкониятҳои васеи истифоданашудаи ҳамкорӣ ва тадбиқи ислҳоти назарраси фазои сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ба тадбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, рақамикунонӣ, саноати коркард, истихроҷ, логистика ва сайёҳӣ таваҷҷўҳи бештар дода шавад.  

Инчунин дар рафти Форум маросими баимзорасонӣ ва мубодилаи созишномаҳои ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар фарҷоми Форум вохўриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар формати “Соҳибкор бо Соҳибкор” (2В2) ва  “Соҳбкор бо Давлат” сурат гирифт, ки ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои тарафайни шарикӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. 

Олуфта Шарипова

радиои “Тоҷииктсон”