Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ 16 ноябр «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор мегардад. Дар ин рӯз сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд аз соати 08:00 то 17:00 ба таври ройгон аз толорҳои намоишӣ ва барномаҳои ҷашнии осорхона боздид намоянд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҷодиёти рассомон» ифтитоҳ гардида, ҳамзамон дар толорҳои «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Истиқлоли давлатӣ» экскурсияҳои мавзӯӣ баргузор мешаванд.
Боздидкунандагон имкон доранд бо туҳфаҳои расмии сарони давлатҳои хориҷӣ ба Президенти Тоҷикистон, осори марбут ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, нахустин Парчами давлатӣ ва дигар ёдгориҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон шинос шаванд.
