Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Раёсати тандурустии пойтахт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайрҳои сайёҳии шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз низ идома ёфтанд.
Дар рӯзи дуюми хатсайр кормандони соҳаи тандурустии пойтахт иштирок намуда, бо мақсади шиносоӣ бо арзишҳои таърихию фарҳангӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ аз як қатор мавзеъҳои фарҳангӣ боздид карданд.
Иштирокчиён нахуст ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварда, бо нигораҳои нодири таърихӣ ва мероси фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд. Сипас, онҳо аз Театри миллии Тоҷикистон боздид намуда, бо имкониятҳо ва шароити фаъолияти ин боргоҳи фарҳангӣ шиносоӣ пайдо карданд.
Дар идома барномаи хатсайр дар кинотеатри «Ватан» идома ёфта, дар он иштироккунандагони ин хатсайр аз намоиши филми мустанади «Пешвоаз қалби мардум» дидан намуданд.
