Вохӯрии муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо муовини дабири кулли ХААБ

10 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи 12-уми Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо, муовини дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти беруна оид ба масъалаҳои сиёсӣ Олоф Скоогро ба ҳузур пазируфтааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ зимни мулоқот ҷонибҳо дар бобати густариши ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули назар карданд.