10-уми июли соли 2025 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сардори шуъбаи Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии Мудирияти генералии Комиссияи Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ хонум Шарлотта Адриан мулоқот анҷом додааст.
Ба иттилоим сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои об, дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо доираи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда, ки ба ислоҳоти соҳа равона шудааст ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикии “сабз”-ро, баррасӣ намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа аз сатҳи муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, равобити дуҷонибаро дар рушди соҳаи энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кардааст.
Дар мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобиланд судманд таъкид намуданд.