Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аҳамияти ваҳдати миллӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 25 июн мақоле бо номи “Саодати миллат” чоп карда, дар ин матлаб бар аҳамияти ҳаётӣ доштани ваҳдати миллӣ дар рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст.
Муаллиф менависад, ки бо гузашти 28 сол аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ҳамчун санади ҳамгироиву ҳамдигарбахшӣ, ки назири худро дар ҷаҳон надорад, мебинем, ки ғояи муқаддаси ваҳдату инсондӯстӣ ҷузъи таркибии хиради сулҳҷӯёнаи мардуми кишвар ва таҳкимбахши равандҳои демократии ҷомеа гардидааст.
Ба гуфтаи муаллиф, ба шарофати пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа худогоҳиву худшиносии миллӣ побарҷо буда, бедории ифтихори миллии шаҳрвандон хуб эҳсос мешавад. Аммо ҳанӯз ҳам ба ваҳдати миллии мо, ба сулҳу суботу оромии кишвар хатар вуҷуд дорад ва ягон давлат ҳатто абарқудратҳо, аз он эмин нестанд.
Дар ин замина муаллиф тазаккур медиҳад, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, ки қудратҳои гуногун ва ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи иртиҷоиву экстремистӣ ба мағзшӯии ҷавонон машғуланд, мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, ба макру найранги онҳо дода нашавем ва неъматҳои бузург – сулҳу ваҳдати миллиро пойдор нигоҳ дорем.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 24 июн ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Аҳамияти мактаби сиёсӣ ва фикрии Пешвои миллат дар масири эҷоди Тоҷикистони ормонӣ” нашр кардааст.
Муаллиф менависад, ин, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд Тоҷикистони нобасомон аз ҷангу қатлу ғорат ва бо дастгоҳҳои идории амалан нокоромади сароғози истиқлолиятро ба кишвари бонизому босубот ва омода ба пешрафтҳои босуръат табдил диҳанд, иқтисоди бар асари ҷанг харобгаштаву ба даҳсолаҳо ақибафтодаро эҳё намудаву дар масири рушду тараққӣ гузоранд, ҷомеаи аз лиҳози иҷтимоӣ заифу бемор ва аз нигоҳи ақидатӣ шикастхӯрдаю парешонро дармон кардаю ба ваҳдату ҳамдилӣ расонанд, мардуми хаста аз ҷанг ва руҳафтодаю маъюсро ба инсонҳои боангеза мубаддал кардаву дар дили онҳо умед ба ояндаи некро бедор созанд, дар ҳақиқат муъҷиза аст.
Ба таъкиди муаллиф, сармояе, ки Пешвои миллат дар шакли мактаби сиёсии худ барои кишвар ва миллати мо захира кардааст, як сармояи таърихию ҳаётӣ аст. Зеро раҳнамудҳои ин мактаб барои як замон нестанд ва дар ҳамаи давронҳо метавонанд роҳкушо бошанд.
Инҳо дарсҳои арзишманде ҳастанд, ки Пешвои барӯманди мо дар тули солҳо аз таҷрибаи роҳбарӣ бар кишвар, аз мушорикату ҳамкорӣ дар доираҳои бузурги сиёсати ҷаҳон ва аз талошҳои хастагинопазир дар амри дифоъ аз манфиатҳои кишвар ҳосил кардаанд. Вазифаи мо – насли имрӯзу фардо ин аст, ки ин сармояро бо диққату эҳтиёти тамом нигаҳбонӣ кунем ва суди ин сармояи арзишмандро барои пешрафти имрӯзу ояндаи кишвар ба кор гирем.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ ҳамчунин матлаби таҳилие бо номи “Истеҳсоли шиша. Истифодаи имкониятҳо қатрае аз баҳр аст, чаро?” чоп кардааст. Дар аввали мақола зик мешавад, ки ҳамасола, тибқи иттилои расмӣ, аз хориҷ ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 20 миллион доллар шиша ва маҳсулоти шишагӣ ворид мешавад. Аммо тавлидоти дохилии шиша ва маҳсулоти он ҳамагӣ беш аз 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳол он ки, ашёи хом барои тавлиди шиша, ба мисли сангу қуми кварсӣ ва содаи холис, дар кишвар фаровон аст.
Муаллиф таъкид мекунад, аз гуфтаҳои коршиносон ва фаъолияти босамари корхонаҳои мавҷудаи истеҳсоли шиша дар Тоҷикистон бармеояд, ки тавлиди ин маҳсулот аз қуму санги Ватан ба он ҳад кори мушкил нест, ки солҳо боз интизори сармоягузори хориҷӣ бишинем.
Дар фарҷом муаллиф таъкид мекунад, дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ки вазифааш дарёфти чораҳои зарурӣ барои рафъи чунин мушкилоту монеаҳо дар соҳаи саноат ҳаст, дар посух чӣ мегуфта бошанд?
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 23 июн матлабе таҳти унвони “Парламентаризм ва Ваҳдати миллӣ” чоп карда, менависад, ки парламентаризм ҳамчун яке аз институтҳои вижаи сиёсӣ солҳои 1990 ба назария ва амалияи давлатҳои пасошуравӣ ворид гашт.
Ба гуфтаи муаллиф, яке аз шартҳои асосии ваҳдати миллӣ таҳаммулпазирӣ ва эътирофи гуногунандешӣ мебошад ва мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор бо қабули қонунҳое, ки ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, озодии баён, озодии эътиқод ва иттиҳодияро танзим мекунанд, шароити мусоиди ҳуқуқиро барои рушди низоми ҳуқуқӣ таъмин намуд. Яъне ба таъкиди муаллиф, таъсиси парлумони касбӣ ва доимоамалкунанда дар кишвар имкон дод, ки ин шохаи ҳокимият вазифаҳои ба уҳдааш гузошташударо пурра иҷро кунад.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи25 июн хабар дод, ки дар Маҷлиси намояндагон комиссияи доимӣ оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис меёбад. Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон гирифта шуд.
Дар баробари ин, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон вакилон лоиҳаи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба “Кодекси гумруки Тоҷикистон”-ро баррасӣ ва тасвиб карданд. Аз ҷумла, бо мақсади ҳавасманд намудани тоҷирон ҷиҳати ба даст овардани мақоми танзимгари ваколатдори иқтисодии хориҷӣ, лоиҳаи қонун кам кардани андозаи супоридани пардохтҳои гумрукиро аз 8000 то ба 4000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ пешбинӣ менамояд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 26 июн бо нашри матлабе вокуниши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамлаҳои Амрикову Исроил аллайҳи Эрон баррасӣ кардааст.
Нашрия ёдовар мешавад, ки дар натиҷаи ҷанги 12-рӯза дар Эрон беш аз 600 нафар кушта шуда, наздики 5 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд. Ҳамзамон дар пайи ҳамлаҳои ҷавобии Эрон дар Исроил 28 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 3200 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Дар идома нашрия таъкид мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди оғози ҳамлаҳои Исроил ва Амрико аллайҳи Эрон, ки боиси талафоти сершумори ҷонӣ гардид, ҳамчун нақзи муқаррароти меъёрҳои эътирофгардидаи муносибатҳои байналмилалӣ қатъиян маҳкум намуд.
Дар баробари ин зикр мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол кард. Дар ин замина зикр мешавад, Тоҷикистон умед бар он дорад, ки ин созиш ба ҷанге, ки бо нақзи тамоми ҳуқуқи байналмилалӣ оғоз шуда буд, хотима мебахшад ва барои сулҳи пойдор дар Ховари Миёна заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”