26.06.2025, ноҳияи Рӯшон
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз мо дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ – санае, ки дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик ҳамчун рӯйдоди муҳимми барқарорсозии сулҳу оромӣ ва оғози марҳалаи нави рушди устувори кишварамон сабт гардидааст, қарор дорем.
Ин ҷашнро ба тамоми сокинони ватандӯсти ноҳияи Рӯшон ва ҳар яки шумо – ҳозирини гиромӣ – самимона табрик мегӯям.
Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки барқарорсозии сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки ин арзиши муқаддасро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, сулҳу суботро дар Тоҷикистони азизамон таҳким бахшем ва барои ободии Ватани маҳбубамон саҳм гузорем.
Зеро сулҳу субот ва ваҳдати тамоми мардуми Тоҷикистон шарти асосӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи пирӯзиҳо ва пешравиҳои мо дар ҷодаи давлатсозиву давлатдорӣ, ватансозиву ватандорӣ ва ободии ҳар як гӯшаву канори Тоҷикистон мебошад.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳои ватандӯстонаи сокинон ва ғамхориву дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат имрӯз симои ноҳияи Рӯшон куллан дигаргун гардидааст.
Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва таъмин намудани рушди он тайи 34 соли соҳибистиқлолӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва ин равандро идома дода истодааст.
Аз ҷумла дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди ноҳия беш аз 1,4 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 660 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки зиёда аз 346 миллион сомонии он маблағҳои мақсаднок барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, ҳоло амалисозии боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи то имрӯз дар доираи ин лоиҳаҳо азхудшуда 118 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин муддат маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ танҳо дар соҳаи сохтмон беш аз 458 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар соли 2024-ум маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 51 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба бист соли пеш, яъне соли 2005-ум 4,5 баробар зиёд мебошад.
Дирӯз мо дар ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшонро расман ифтитоҳ намудем.
Сохтмони ин иншооти бузург бо арзиши умумии 2,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст ва ҳоло дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Шоҳроҳи зикршуда барои таъмин намудани рушди бомароми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон нақши басо муҳим дорад.
Тибқи маълумот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия сохтмону азнавсозии 165 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз 75 фоизи нақша иҷро шудааст.
Имрӯз мо дар маркази ноҳия муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва майдони муқаддасоти миллиро ифтитоҳ намудем, ки нишони арҷгузорӣ ба таърихи пурғановат ва анъанаҳои деринаи давлатдории миллати тоҷик мебошад.
Инчунин, муассисаҳои томактабӣ барои 200 кӯдак, якчанд бинои фарҳангиву маъмурӣ ва иншооти иҷтимоиву энергетикӣ ба истифода дода шуданд.
Корхонаҳои коркарди шир, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, нон, масолеҳи сохтмон, ҳавзи моҳипарварӣ ва гармхонаи муосир, ки имрӯз ба фаъолият оғоз карданд, барои таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ саҳм мегузоранд.
Бо истифода аз фурсат, ман ба ҳамаи шахсони саховатпеша, соҳибкорону сармоягузорон ва сокинони шарафманди ноҳияи Рӯшон, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Иқдомоти то имрӯз амалигардида ва иншооту биноҳои навбунёд бо санъати меъмории замонавӣ марказ ва деҳоти ноҳияро боз ҳам ободу зебо гардонидаанд.
Дар баробари ин, бо дарназардошти захираву имкониятҳои ноҳия, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳо дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ бояд тақвият дода шаванд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон ва аҳолии ноҳияи Рӯшон ба маблағи 259 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.
Танҳо дар моҳҳои январ – майи соли 2025 ҳаҷми қарзҳои додашуда дар ноҳия 11 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҷониби «Саноатсодиротбонк» барои дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва мусоидат ба рушди истеҳсолот дар се соли охир 12 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.
Вале ин нишондиҳандаҳо барои боз ҳам баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии мардум, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ҳанӯз нокифоя мебошанд.
Зарур аст, ки Бонки миллӣ, «Амонатбонк», «Саноатсодиротбонк» ва дигар ташкилотҳои қарзӣ барои дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Зеро тибқи таҳлилҳо дар доираи амалисозии ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳавасмандии соҳибкорони ноҳия ҷиҳати ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ афзуда истодааст ва онҳо танҳо дар ду соли охир 16 коргоҳу корхонаи нав таъсис додаанд.
Ҳоло шумораи умумии корхонаҳои саноатии ноҳия ба 20 расидааст.
Дар ду даҳсолаи охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия 2,5 баробар ва номгӯйи он аз 6 ба 23 афзудааст.
Дар моҳҳои январ – майи соли 2025 низ дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз зиёд гардидааст.
Ин нишондиҳандаҳо, албатта, хубанд.
Вале захираву имкониятҳои истифоданашудаи ноҳия дар самти рушди саноат, махсусан, саноати коркард хеле зиёд мебошанд.
Ҷиҳати пурра истифода намудани онҳо ташаббускории роҳбарону масъулони вилоят, ноҳия, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои замонавӣ, яъне фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ зарур аст.
Ҳалли ин масъалаҳо вазифаи бевоситаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия мебошад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рӯшон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 142 миллион сомонӣ 28 иншооти энергетикӣ бунёду таҷдид гардида, ба истифода дода шудааст.
Илова бар ин, имрӯз мо хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи «Хоруғ – Рӯшон»-ро бо дарозии 68 километр ва зеристгоҳи «Ҷангал»-ро дар наздикии деҳаи Вомари ноҳияи Рӯшон ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода додем, ки имконияти интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз бамаротиб беҳтар мегардонад.
Инчунин, 3 неругоҳи барқи обии хурд дар деҳаҳои дурдасти ноҳия ба истифода дода шуд.
То охири соли ҷорӣ дар ноҳия боз 6 неругоҳи барқи обӣ ва як неругоҳи хурди барқи офтобӣ бунёд мегардад.
Ҳамзамон бо ин, имрӯз сохтмони 42 километр хатти интиқоли барқи 110 – киловолта аз маркази ноҳия то зеристгоҳи «Вознавд» оғоз гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 ба истифода дода мешавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули сокинони ноҳияи Рӯшон дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзӣ хеле рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2024 ба 121 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 12 баробар зиёд мебошад.
Истеҳсоли ғалладонагиҳо дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 4 баробар, картошка 6, сабзавот ва мева 7, гӯшт 2 ва тухм 121 баробар зиёд гардидааст.
Дар ин давра саршумори чорво низ хеле афзоиш ёфтааст.
Тибқи барномаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда соли 2024-ум 80 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи ноҳия барқарор карда шуда, 65 гектар замини нав аз худ карда шудааст.
Аммо ин ҳанӯз кофӣ набуда, иҷрои корҳои иловагиро тақозо менамояд.
Хотиррасон месозам, ки иқлими ноҳияи Рӯшон барои рушди соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мусоид буда, метавонад дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дошта бошад.
Вобаста ба ин, роҳбарияти ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин, дар самти баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмин намудани афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он, инчунин, бунёди инфрасохтори нигоҳдорӣ, бандубаст ва содироти он чораҳои муассир роҳандозӣ карда шаванд.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар ноҳияи Рӯшон тайи даврони соҳибистиқлолӣ 29 бинои муассисаҳои таълимӣ бо 3700 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар ин давра аз ноҳияи Рӯшон 460 нафар ҷавонон тавассути квотаи президентӣ соҳиби маълумоти олии касбӣ гардидаанд.
Дар соли таҳсили 2024 – 2025 тибқи квотаи президентӣ аз ноҳия 16 нафар ба муассисаҳои олии касбӣ дохил шудааст, ки 8 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзиву дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Дар баробари ин, зарур аст, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳаи маорифи ноҳия, аз ҷумла доир ба ҳалли масъалаи муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта ва таъмирталаб тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Тибқи маълумот дар ноҳия ҳамагӣ 3 муассисаи томактабӣ ва 17 маркази инкишофи кӯдак фаъолият дошта, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ 28 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда қонеъкунанда нест.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм доир ба бунёди муассисаҳои нави томактабӣ ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари кӯдакон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ ва соҳибкасб гардонидани сокинони маҳаллӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рӯшон 26 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, буҷети соҳа ба 17 миллион сомонӣ расонида шудааст.
Дар ин давра 46 нафар ҷавонони ноҳия тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишварро хатм кардаанд.
Ҳамчунин, муассисаҳои тиббии ноҳия ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ бо таҷҳизот ва доруворӣ таъмин карда шудаанд.
Бо вуҷуди корҳои дар ин самт амалигардида, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти беҳтар кардани шароити муассисаҳои тиббӣ, таъмин намудани онҳо бо кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ман борҳо таъкид намудаам ва бори дигар хотирнишон месозам, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон яке аз минтақаҳои нотакрору ҷолиб барои рушди сайёҳӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Табиати зебо, кӯҳҳои баланд, кӯлҳо, пиряхҳо, шаршараҳо ва чашмаву гиёҳҳои шифобахш, инчунин, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза имкониятҳои беҳтарин барои ҷалби сайёҳон мебошанд.
Бо вуҷуди чунин имкониятҳо, корҳо дар самти фароҳам овардани шароит барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ то ҳол қонеъкунанда нестанд.
Ба роҳбарону масъулини ноҳия супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҷалби сармоягузорон барои бунёди инфрасохтори зарурӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин, омода кардани мутахассисон ва баланд бардоштани сифати хизматрасониро ба роҳ монанд, рушди ҳунарҳои мардумиро дастгирӣ намуда, шароити мусоиди фурӯши маҳсулоти косибиро фароҳам оваранд, инчунин, муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳияро густариш диҳанд.
Таъкид менамоям, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори ноҳия, пеш аз ҳама, ба қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускории роҳбарон, заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як фарди бонангу номус вобаста мебошад.
Ҳоло мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки пур аз таҳдиду хатар ба амнияту суботи кишварҳо мебошад.
Дар чунин шароити мураккаб мо танҳо дар сурати иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолонаи ҳар як фард дар ҳаёти ҷомеа метавонем дастовардҳоямонро ҳимоя кунем, онҳоро таҳким бахшем ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро таъмин намоем.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар кадоми мо роҳнамои имрӯзу фардо мебошад ва он бояд дар андеша ва гуфтору рафтори ҳар яки мо ифода ёбад.
Мо бояд наслҳои ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ, таҳаммулгароӣ, эҳтиром ва арзиши қонунияту тартибот ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия намоем.
Бовар дорам, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Рӯшон дар оянда низ ба хотири ободу пешрафта гардонидани диёри худ ва Ватани азизамон – Тоҷикистон сарҷамъона заҳмат мекашанд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд.
Бори дигар кулли сокинони шарафманди ноҳияи Рӯшон ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу осоиш, файзу баракат ва ба Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол – ободиву пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Доимо хушбахту пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!