26 июн дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.
Меҳмони олиқадрро сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати созаданву бунёдкоронаи Роҳбари давлат бо самимияти хос ва бо базму шодӣ истиқбол гирифтанд.