ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст

22 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» бо шукуҳи хосса таҷлил гардид. Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло мулоҳизаҳояшро оид ба аҳаммияти ин ҷашни аҷдодӣ чунин баён намуд:

— Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Тиргон иброз доштанд, «ниёгони мо бо баргузории ин ҷашн ҳам шукронаи неъматҳои табиатро ба ҷой меоваранд ва ҳам дар байни ҷомеа тоза нигоҳ доштану истифодаи оқилонаи обро ҳамчун неъмати ҳаётбахш тарғиб менамуданд. Бояд гуфт, ки об дар фарҳанги суннатии мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ҷойгоҳи хос дорад».

«Аҳаммияти об дар замони мо хеле муҳим арзёбӣ гардида, яке аз масъалаҳои глобалии сайёра ба шумор меравад.Созмони Милали Муттаҳид се ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистонро доир ба ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об қабул кард, ки қатъномаҳои дар ин масъалаҳо қабулкардаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо дастгирии кишварҳои ҷаҳон амалӣ шуда истодаанд. Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба ҳифзи пиряхҳо, ки бо масъалаи ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об, робитаи мустақим дорад, ҳамчунин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид», — хотиррасон намуданд Сарвари давлат.

Барои исботи қадимӣ, соҳибтамаддун ва фарҳангсолор будани миллати тоҷик ҳамин далел кофист, ки ин миллат дар ҷаҳор фасли сол ҷаҳор ҷашни оламшумул аз ҷониби ҷаҳониён пазируфтае дорад, ки ҳар яке аз ин ҷашнҳо заминаҳои қавии илмиву асотирӣ ва кайҳониву рӯҳонии худро дошта падидаи хуҷастаи ҳаёти маънавии инсоният дар рӯи Замин мебошанд.

Дар баробари ин ҳар яке аз ин ҷашнҳо дар тӯли асрҳо ҳазорон суннату одобу фарҳанги бешабеҳи ин миллати моро дар худ маҳфуз доштаанд, ки ҳар яке ҳадафҳои зиёди инсонпарварона, хайрхоҳонаву некбинонаро дунболагиранд.

Тиргон яке аз чаҳор ҷашни миллии мост, ки дар 13-умин рӯз аз моҳи тир (тиррӯз) барпо мешуд. Чунон ки гуфтем ҳар ҷашн ба як фасли сол мутобиқ омадааст, масалан, агар Сада дар фасли зимистон, Наврӯз дар баҳорон ва Меҳргон дар тирамоҳ таҷлил ёбанд, пас Тиргон ҷашни тобистон аст, мутобиқ ба охири июн ва аввали июли ҳар сол. Албатта, ин ҷашнҳо ҳар яке марбут ба табиат ҳастанд, чуночи, Сада ҷашни оташ, Наврӯз ҷаши хоку замин, Тиргон марбути об ва Меҳргон марбути рӯшноии осмон ва ҳавост.

Чунон ки мебинем, мабдаи ин ҷаҳор ҷашн ҷаҳор унсури азалии барои инсон муқаддас мебошанд. Ин чаҳор унсури муқаддаси азалӣ асоси пайдоиши ҳаёт дар рӯи заминанд ва ин далел қотеи он аст, ки ҷашнҳои миллии мо ҳама асоси илмиву таърихиву фарҳангиву маънавӣ доранд.

Чунонки Дилшод Раҳимӣ фарҳангшиноси тоҷик дар пажӯҳиши худ овардааст: “Тир номи эзади борон дар мифологияи Эрони бостон буда, дар Авасто дар шакли Тиштарйа , дар паҳлавӣ — Тиштар ва дар форсии навин бо номҳои Тиштар ва Тир дарҷ ёфтааст. Масъулияте, ки Тиштар бар уҳда дошт, об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резондан ба заминҳои аҳуроӣ мебошад. Тиштра ҳамчунин номи ситораи рахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст”.

Дар байни тоҷикони мо суннату одатҳои зиёде вобаста ба обу борону боду тундар ҷой доштаанд. Анъанаҳои тоҷикии «Ашагулон», «Сусхотун» ва «Чиллахотун» барои даъвати борон дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида мешуданд. Аммо ҷашнгирии Тиргон пайваста камтар ба вуқӯъ мепайваст.

Дар тасаввуроти баъзе манотиқи Тоҷикистон то ба имрӯз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Камбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир боқӣ мондаанд, ки бешак идомаи оммиёнаи асотири ниёкони мо дар бораи эзади борони Тир мебошанд.

Дар давраҳои қадима мардумони манотиқи гуногуни тоҷикнишин барои даъвати борон ба Камбар муроҷиат карда, ҳар гуна маросиму амалҳои ҷодуиро барпо мекарданд, ки имрӯзҳо баъзеашон ба шакли бозиҳои бачагона боқӣ мондаанд.

Мо аминем, ки миллати покзамири мо дар асоси эҳёи ҷашни Тиргон ва дар асоси эътимоду эътиқоди азалӣ, яъне муқаддас шуморидани об ва ҳарчи марбути об аст, дар оянда бо таъбу завқи эҷодкори худ ҷашни Тиргонро низ бо иқдомҳои нав ва рангу ҷилоҳои тоза ҳарчи бештар шукӯҳи миллӣ хоҳад дод. Ин ки имрӯз Тоҷикистони хайрхоҳу некбини мо бо ташаббус ва пешҳниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои миллатамон хусусан дар мавриди ҳифзи оби поку пиряхҳо ва ҳалли мушкили об дар сайёра яке аз мавқеъҳои дурахшонро ишғол намудааст, худ далели миллати Тиргон, миллати муқаддасдорандаи об дар рӯи Замин будани он аст.

ТИРГОН – ҶАШНИ МУБОРАК

Тиргон ҷашни фару эҳсон бувад,
Тир — номи Эзади борон бувад,
Ҷашни файзи об — атои осмон,
Лутфи Эзад бар кишоварзон бувад.

Тиргон омад, муборак, иди об,
Иди шодӣ, иди эҳсони саҳоб.
Тиргон — иди фари эҳсон бувад,
Иди покӣ, нусрати борон бувад

Эй Худо, борон бидеҳ, борон бидеҳ,
Обро бар мазраи деҳқон бидеҳ,
Бар дилу бар чашми одамҳо сафо,
Бар Замин – модар фурӯғи ҷон бидеҳ.

Тоҷикистон, меҳани оби зулол,
Сарзамини мардуми поку ҳалол.
Нусрати оби равонат зинда бод,
Тоҷикистон, Тиргонат зинда бод!

Тиргон, яъне, ки қадри об дон,
Покрӯву покҷону пок мон!
Сарафрозӣ кун ба гардунҳо, вале,
Пайки оби тозаро бар мо расон,

Об бошидан ба ҳар роҳи гузар
Об пошидан ба суи ҳамдигар,
То ки файзи об орад бар замин
Нусрати нав, бахту шобоши дигар.

Сарвари мо Пешвои оби пок,
Раҳнамову раҳкушои оби пок.
Тиргонро дод оғози дигар,
Дар варои босафои оби пок.

Тиргон омад муборак, дӯстон,
Иди борон, иди ҷӯбори равон,
Иди эҳёи замини ташнаҷон,
Тиргон омад муборк, тиргон!

Бознашр аз: АМИТ «Ховар»