Имрӯз дар Боғи ботаникии шаҳри Душанбе ҷашни суннатии Тиргон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадаф аз он эҳё ва тарғиби суннату ойинҳои миллии мардуми тоҷик арзёбӣ мегардад.
Дар ҷашн намояндагони ҳунари мардумӣ, аҳли илму фарҳанг, ҷавонон ва меҳмонони хориҷӣ ширкат варзида, барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, рақсу таронаҳои анъанавӣ ва бозии суннати манзури иштирокчиён гардонида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷашни Тиргон яке аз ҷашнҳои қадимии мардумони ориёинажод буда, ба обу борон, покӣ ва сабзиш марбут аст. Дар гузашта ин ҷашнро бо оростани дастархони миллӣ, ва гуфтугӯи дӯстона таҷлил мекарданд.
Ташкили чунин ҷашнҳо дар фазои истиқлолият ва суботи кишвар саҳми назаррас дар рушди фарҳанги миллӣ ва тарбияи ҳисси ифтихори ватандӯстии ҷавонон мегузорад.