Ба Федератсияи футболи Тоҷикистон дар маросими ҷоизасупории «FIFA Forward Awards», ки дар Саммити футболи ФИФА дар Майами баргузор шуд, ҷоиза тақдим карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷоизаи биринҷиро ба намояндагони Федератсияи футболи президенти ФИФА Ҷанни Инфантино супурд.
Ҷоиза саҳми назарраси Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар рушди инфрасохтори футбол тавассути барномаи FIFA Forward эътироф мекунад.
Лоиҳаи маркази техникии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Варзоб, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод шуд, ҷойи сеюмро гирифт.
Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзоб як маҷмааи замонавӣ барои тамрини тимҳои миллии Тоҷикистон аст, ки тибқи талаботи ФИФА сохта шудааст. Он аз меҳмонхона, майдонҳои табиию сунъӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Кор дар марказ дар арафаи анҷомёбист.