БАҲРИ АРАЛ. Нигине, ки дар байни сарзамини хушку ташналаб медурахшид, аз байн меравад

Яке аз мушкилҳои башарият ин норасоии об мебошад. Чун масъала фарогир ва глобалӣ ҳаст ҳаллу фасли он низ кӯшишҳои дастҷамъона ва глобалиро тақозо дорад. Яъне, дар ҳалли масоили обу иқлим аз як даст садо намебарояд. Хушкшавии баҳри Арал фоҷиаи экологиест, ки на танҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиду хатар эҷод мекунад, балки таҳдиду хатараш ҳам умумибашарист.

Агар муҳити экологӣ солим бошад, пас инсоне, ки дар ин гуна муҳит ба сар мебарад саломатии хуб дошта метавонад. Ин вобастагии ҳамешагии инсону муҳит ва табиату ҷамъият аст. Баҳри Арал дар қаламрави ду ҷумҳурии Осиёи Марказӣ — Узбекистон ва Қазоқистон ҷойгир аст. Ду дарёе, ки аз кӯҳҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон сарчашма мегиранд – Сир ва Ому оби худро то баҳри Арал мебаранд. Дар ҳавзаи ҳарду дарё заминҳои кишоварзӣ хеле зиёданд ва онҳо аз оби ҳамин дарёҳо обёрӣ мешаванд, ба миқдоре, ки аз меъёрҳои қабулшуда ба маротиб зиёд аст.

Нигине, ки дар байни сарзамини хушку ташналаб медурахшид аз байн рафта истодааст

Ибтидои солҳои 60 — уми асри ХХ сатҳи оби баҳри Арал тадриҷан паст шудан гирифт. Тақрибан 15 сол аст, ки оби дарёҳои Сир ва Ому ба миқдори хеле кам ҷорӣ мешаванд. Бино ба таҳлили олимон, давоми 30 соли охир резиши оби дарёҳои Сир ва Ому ба баҳри Арал ба миқдори 86% коҳиш ёфтааст.

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ба он муътақиданд, ки хушкшавии тадриҷии баҳри Арал фоҷиаи калонтарини сайёраи Замин ба шумор меравад. Ҳаҷми баҳр солҳои охир чор маротиба хурд, майдонаш ду баробар кам, сатҳаш бештар аз 15-16 метр паст шуда, соҳилаш то 80-100 километр қафо рафт, яъне тамоюл ба хушкидан овард.

Бо минералҳо омехташавии об то 4 маротиба афзуда, баъзе ҷойҳо ба намакзор табдил ёфтааст. Биёбон 2 млн гектар заминҳои корамро фурӯ бурда, доираи ҳаракати тӯфони чанг ба 500 километр расид. Миқдори моҳиҳо аз 200 ба 38 намуд расид. Мардуми соҳилҳои Арал, хусусан калонсолону кўдакон гирифтори бемориҳои вазнин шуда истодаанд. Фоҷиаи баҳр ҷараёни обшавии пиряхҳои Осиёи Марказиро тезонида, барои мардуми минтақа, воқеан ба мушкилот мубаддал мешавад. Баҳри Арал, ки мисли нигине дар байни сарзамини хушку ташналаб медурахшид ва вазъи экологии минтақаро муътадил нигоҳ медошт, дар манзари инсоният аз байн рафта истодааст.

Дар бораи таъсири манфии хушкшавии баҳри Арал ба минтақа ва ҷаҳон факту рақамҳо зиёданд. То солҳои 60-уми асри ХХ масоҳати сатҳи болоии баҳр беш аз 60 000 км мураббаъро ташкил медод. Бо гузашти 60 – 65 сол ин рақам кам шуда то ба 28 000 км мураббаъ расидааст. Раванди камшавии сатҳи об имрӯзҳо низ давом дорад. Чунин вазъият боиси васеъшавии биёбони намакин дар баҳри Арал гашта истодааст. Албатта ҳолати харобиовари мавҷуда ҷиҳатҳои манфӣ дорад. Аҳолие, ки (5млн нафар) дар ҳавзаи баҳри Арал ба сар мебаранд, мувоҷеҳи сатҳи пасти даромад, хуруҷи бемориҳои роҳи нафас, афзоиши бекорӣ гардидаанд. Нишондиҳандаи фавти кӯдакон дар ҳавзаи Арал нисбат ба дигар Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб баланд мебошад. Минтақаи фоҷиаи экологӣ таъсири харобиовари худро ба вилояти Хоразму Ҷумҳурии Худмухтори Қароқалпоқистон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон воқеанд, расонидааст.

Бино ба таҳқиқотҳои олимон ва мутахассисони соҳа, ин буҳрони экологӣ боис шудааст, ки дар ҳар як 10 км заминҳои наздисоҳилӣ ба як гектар 2 – 3 тонна намак ва дар масоҳати 100 – 300 км ба як гектари замин беш аз як тонна намакро шамол оварда мерезонад. Чунин паҳншавии босуръати намак бошад боиси ба таҷрид аз байн рафтани намудҳои алоҳидаи олами набототу ҳайвоноти атрофи баҳр гашта истодааст.

Роҳи ҳал: Таҳияи лоиҳаи Муоҳида байни Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон

Вазъи фоҷиавии экологие, ки ҳоло баҳри Арал дар он қарор дорад дар ҳолати минбаъд давом ёфтанаш метавонад ба тамоман хушкидани Арал сабаб гардад. Чунин сурат гирифтани масъала мувофиқ ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи экология дар як даҳсола боиси аз байн рафтани баҳри Арал шуда метавонад. Ба амнияти Осиёи Марказӣ тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, давраи ояндаи камобӣ ва нарасидани об таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, ҳарорати ҳаво дар минтақаи мо нисбат ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ хеле зудтар боло меравад. Ин боиси кам шудани майдони пиряхҳо, манбаи асосии об дар ҳавзаи баҳри Арал мегардад. Ҳаҷми онҳо дар давоми 50 соли охир 30 дарсад кам шудааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, то соли 2050 хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад дар як сол ба андозаи 1,3 дарсади Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ зарар расонад ва ин боиси пайдоиши ҳудуди 5 миллион муҳоҷири дохилии «иқлимӣ» хоҳад шуд.

Қадами муҳим дар роҳи дипломатияи об байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ин таҳияи лоиҳаи Муоҳида байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хукумати Туркманистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи истифодаи захираҳои обии ҳавзаи дарёи Ому ва лоиҳаи Муоҳида байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Туркманистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи истифодаи захираҳои обии ҳавзаи дарёи Сир аз тарафи Маркази дипломатияи пешгирикунандаи Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ (дар ш.Ашқобод) мебошад, ки ҳоло мавриди баррасии давлатҳои Осиёи Марказӣ қарор гирифтаанд.

Яке аз бузургтарин офатҳои экологии ҷаҳонӣ дар таърихи нав, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сар гузаронидаанд, фоҷиаи баҳри Арал мебошад, ки бо оқибатҳои экологӣ, иқлимӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва башардӯстонаи худ ба рушди устувори минтақа, саломатӣ, генофонди ояндаи сокинони он таҳдиди мустақим дорад. Баҳри Арал, ки нотакрор, зебо ва яке аз калонтарин обанборҳои баста дар ҷаҳон буд, дар арафаи нестшавӣ дар тӯли қариб як насл қарор дошт, ки дар натиҷа ба фалокати бесобиқа ва ба ҳаёти аҳолии ин ҷо, ба экосистема ва гуногунии биологии минтақаи баҳри Арал зарари ҷуброннопазир расонд.

Ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз гармшавии иқлим, ҳифзи муҳити зист зарур буда, барои дар ҳолати ба зиндаги мусоиди экологӣ нигоҳ доштани сайёраи Замин мусоидат менамоянд. Ҳамаи чор ташаббус дар самти об – соли 203 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар намудани санаи 21 март ва таъсиси Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳо ба ҳалли мушкилотҳои обу иқлим нигаронида шудаанд.

Тадбир намудани мушкилоти баҳри Арал дар шароити норасоии об дар сатҳи глобалӣ кори мушкил аст. «Тибқи маълумоти мавҷуда дар давоми 50 соли охир маҷрои умумии дарёҳои ба баҳри Арал ҷоришаванда ба ҳисоби миёна 12,7 километри мукааб ё қариб 4,5 баробар кам гардидааст. Масоҳати сатҳи оби баҳр 8 баробар, ҳаҷми массаи об бештар аз 13 маротиба, сатҳи об, ки то соли 1960 ба дараҷаи мутлақ 53,4 метр мерасид, 29 метр кам шудааст, шӯрнокӣ бештар аз 13 – 25 баробар зиёд шуда, аз дараҷаи миёнаи минерализатсияи уқёнуси ҷаҳонӣ 7 – 11 баробар зиёд аст. Пештар ҳамасола ба баҳри Арал 59,4 км куби об ворид мегардид, имрӯз бошад маҷрои дарёҳои болозикр то баҳр намерасанд.

Коршиносони соҳаи обу иқлим сабаби хушкшавии баҳри Аралро аз истифодаи аз меъёр зиёди об аз ҷониби кишварҳои поёноб, бахусус Ҷумҳурии Узбекистон, ки миқдори зиёди обро барои заминҳои кишоварзӣ истифода мебарад ва обанборҳои сершуморашро аз об пур карда захира менамояд, меҳисобанд. Ҷумҳурии Узбекистон имрӯзҳо нисбат ба соли 1960 ду баробар зиёд обро истифода мебарад. Вазъи бавуҷудомада гувоҳи он аст, ки кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ аз захираҳои об нооқилона истифода мебаранд ва талаботи воқеии кишварҳо ба об танзим намешавад. Консепсияи имрӯзаи идоракунии захираҳои об ҳатман танзими онро байни ҳамаи давлатҳои истифодабарандаи об талаб дорад.

Оянда истифодаи об чӣ гуна ҷараён мегирад?

Об на танҳо захираи табиӣ, балки калиди рушди як минтақаи бутун буда метавонад. Мавҷудияти об бевосита ба рушди хоҷагии қишлоқ, саноат, гидроэнергетика, таъмингардонии оби ошомиданӣ таъсиргузор аст. Номуаянӣ ҳолати хавотиркунандаест, ки ба тақдири минтақа таҳдид карда метавонад: пагоҳ истифодаи об чӣ гуна ҷараён мегирад? Таъминот ва дастрасӣ бо об аз сабаби тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, истифодаи он барои кишоварзӣ чӣ гуна тағйир меёбад? Ин саволҳо ҷавобҳои аниқу дақиқи илмӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро тақозо доранд. Аз ҷавоби ин саволҳо рушди устувори минбаъдаи минтақа ва пешгирӣ аз муноқишаҳои обӣ вобастагии бевосита дорад.

Мо дар ноҳияҳои пасткӯҳ хеле кам шудани пиряхҳоро пешбинӣ менамоем, ки ин дар дарозмуддат боиси кам шудани об дар баъзе қитъаҳои Тиёншон, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Норин мегардад. Ҳамзамон, дар минтақаҳои баландкӯҳи Ҳисор-Олой ва Помир, аз ҳисоби зиёд шудани обшавии пиряхҳо, ки дар тӯли асри 21 идома хоҳад ёфт, маҷрои об зиёд мешавад. Оби пиряхҳо ва маҷрои борон ба дарёҳои бузурги фаромарзӣ, ба монанди Амударё ва Сирдарё ғизо медиҳанд. Фишори баланди антропогенӣ дар якҷоягӣ бо ақибнишинии пиряхҳо ва ҳамоҳангсозии маҳдуди идоракунии захираҳои об дар сатҳи минтақа онҳоро осебпазир месозад.

Каме зиёд шудани боришот (ба ҳисоби миёна аз 5,5 фоиз то 10,1 фоиз) дар назар дошта шудааст. Аммо, ин дигаргуниҳо нобаробар хоҳанд буд. Олимон тахмин мекунанд, ки боришот камтар, вале шадидтар мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ба ҷои борони муқаррарӣ борони шадид ба амал омаданаш мумкин аст, ки пас аз он давраҳои хушкии тӯлонӣ фаро мерасанд. Амният ва суботи тамоми минтақа дар зери хатар қарор мегирад. Масалан, барои Тоҷикистон ва Қирғизистон об манбаи асосии тавлиди неруи барқ мебошад.

Некӯаҳволии миллионҳо мардуми минтақа бевосита аз тағйирёбии мавсимӣ ва дарозмуддати захираҳои об вобаста аст. Масалан, дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ истифодаи оби тоза барои кишоварзӣ беш аз 90 фоизро ташкил медиҳад. Тағйирёбии захираҳои об бевосита ба кишоварзӣ таъсир мерасонад: як хушксолӣ ё обхезӣ метавонад ба даромади деҳқонон таъсири ҷиддӣ расонад. Маълум аст, ки идораи об дар минтақа мушкилтар мешавад ва мо бояд ба ин тағйирот мутобиқ шавем. Ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об дар Осиёи Марказӣ бо вуҷуди мушкилоти умумӣ пароканда боқӣ мемонад. Кишварҳои минтақа авлавиятҳои мухталиф доранд, аз қабили энергетика ва кишоварзӣ, ки боиси нодида гирифтани тавсияҳои илмии дарозмуддат ба хотири фоидаи иқтисодии кӯтоҳмуддат мегардад. Ин як монеаи асосӣ дар роҳи шарикии муассир аст.

Дар ин минтақа Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (ХБНА) ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии об (КБҲИЗО) фаъолият доранд. Як қатор созишномаҳои минтақавӣ ва дуҷониба мавҷуданд, ки истифодаи обро танзим мекунанд. Аммо баҳсҳо дар бораи то чӣ андоза муассир кор кардани ин ниҳодҳо ва то чӣ андоза самаранок иҷро шудани созишномаҳо аз байн намераванд. Дипломатияи об асоси ҷилавгирӣ аз ихтилофоти тарафҳост. Он аз бастани созишномаҳои танҳо дуҷониба дар ҳавзаҳои дарёҳо, ки се ва зиёда кишварҳо аз оби онҳо истифода мекунанд, ҳушдор медиҳад. Чунин созишномаҳо ҳатман ба манфиатҳои ҷонибҳои сеюм, ки дар гуфтушунид иштирок намекунанд, таъсир мерасонад ва метавонад муколамаро дар сатҳи минтақавӣ боз ҳам мушкилтар гардонад. Дар даҳсолаҳои охир вазъи дастрасӣ ба об, гуногунии биологӣ ва иқлим дар Осиёи Марказӣ хеле бадтар шудааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки корҳои дар солҳои охир анҷомдодашударо таҳлил намуда, фаъолияти кунуниро ҳамаҷониба арзёбӣ намуда, имконоти алтернативии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳамкории обро бо иштироки ҳамаи кишварҳои манфиатдор дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ таҳия намуд.

Тағйирёбии иқлим норасоии обро дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар ҳавзаҳои дарёҳои калон, ки аз обшавии пиряхҳо ва барфҳо вобастагӣ дорад, боз ҳам бадтар мекунад. Барои ҳалли ин мушкилот пешакӣ амал кардан муҳим аст: ҷамъоварии маълумот, таҳкими ҳамкории байни кишварҳо, таҷдиди инфрасохтор ва гузаронидани ислоҳоти зарурии системаи идоракунии об. Ин тадбирҳо ба таъмини устувори об барои таъмини неруи барқ ва деҳқонии аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунанд.

Таъсири таҳдидкунандаи фалокати Арал имрӯз дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, намакҳои заҳролуд аз минтақаи Арал дар соҳили Антарктида, дар пиряхҳои Гренландия, ҷангалҳои Норвегия ва бисёре аз манотиқи дигари кураи Замин пайдо шудаанд.

Мутаассифона, имрӯз маълум шуд, ки баҳри Аралро пурра барқарор кардан дигар имконнопазир аст. Муҳимтарин вазифаи замони ҳозира кам кардани таъсири харобиовари буҳрони баҳри Арал ба муҳити зист ва зиндагонии миллионҳо нафар сокинони водии Арал мебошад.

Аз рушди таърихи башар хулоса карда метавон гуфт, ки ҷомеаи инсонӣ борҳо дар масири зиндагонии худ ба мушкилоти тағйирёбии иқлим дучор омадаасту дар натиҷаи андешидани чораҳои оқилонаю дастҷамъона аз уҳдаи ҳаллӣ пешгири аз ин офатҳою мушкилотҳо баромадааст ва худ низ ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардидааст. Шак нест, ки ин набарди экологӣ бештар ба муносибати ғамхоронаю аз ҷиҳати илмӣ асоснок ба роҳ монда шуда, дар ниҳоят ба қаламрави ҳамкорию ҳамгироии инсон ва табиат табдил ёфтани сайёраи Замин ва барои аҳли башар ба макони мусоиди зист мубаддал гардидани он мусоидат хоҳад кард.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Бознашр аз: khovar.tj