12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар наздикии фурӯдгоҳи шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин кард.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям”.