Форуми байналмиллалии «Нақши такмили ихтисоси омӯзгорон дар ҷомеаи муоссир: тамоюл, таҷриба ва имкониятҳо» дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид

«Нақши такмили ихтисоси омӯзгорон дар ҷомеаи муоссир: тамоюл, таҷриба ва имкониятҳо» таҳти чунин унвон имрӯз дар МД-ии давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмиллалӣ баргузор гардид.

Дар кори Форум роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои такмили ихтисоси Федератсияи Руссия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Британияи Кабир, донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷӣ кишвар ва шарикони  рушд  иштирок намуда,  роҷеъ ба нақши такмили изтисоси омӯзгорон  дар ҷомеаи муосир изҳори назар намуданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур ин пеш аз ҳама аҳамияти такмили ихтисоси омӯзгорон дар рушди  маорифи муосир, мубодилаҳои таҷрибаҳои ватанӣ ва байналмиллалӣ дар самти рушди маҳорати касбии омӯзгорон вобаста ба талаботи замони муосир ва бозори меҳнат, инчунин баррасии нақши таҳсилоти рақамӣ дар такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад. 

Дар ин хусус ҳамкорамон О. Шарипова аз рафти ин  ҳамоиши ба мо иттилоъ дод.