Пас аз чанд рӯз дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ – «Наврӯз» бо иштироки намояндагони театрҳои Арманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мегардад.
Дар ин бора Матлубхон Сатториён вазири фарҳанги мамлакат зимни баромади худ дар маросими ҷамъбасти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» хабар дода, афзуд, ки баргузории ин фестивал барои тақвияти ҳамкориҳо ва мубодила таҷрибаи ҳунармандони давлатҳои иштирокдор мусоидат менамояд.