Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмиллалии илмӣ дар мавзуи «Абулаббоси Бахтиёр ва анъанаҳои классикии фарҳанги замони Сомониён» баргузор гардид.
Симпозиуми мазкур ба муносибати 1190 солагии асосгузори мактаби классикии шеъру мусиқиии замони Сомониён Абулаббоси Бахтиёр ва гиромидошти хотираи ӯ, роҳандозӣ гардид.
Дар Симпозиум олимону донишмандон, адабиётшиносон ва аъзоёни вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои фаъолият, зиндагӣ ва саҳми Абулаббоси Бахтиёр дар рушди мусиқиии даврони Сомониён маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин дар Симпозиум маърӯзаҳои донишмандону адабиётшиносон аз хориҷи мамлакат ба тариқи видеоӣ манзур гардонида шуд.
Сарвинози Сайидалӣ,
радиои «Тоҷикистон»