Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 22 апрели соли 2025, соати 10:04 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора аз Маркази идоракунии холатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Тоҷикистон» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза 166 километр шимолу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 29 километр шарқӣ аз ноҳияи Рашт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл ва дар ноҳияи Рашт 2-3 баллро ташкил додааст.
Тибқи маълумотҳои гирифташуда, дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.