Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори ҳамвораӣ оғоз гардида, то 11 апрел дар бахшҳои гуногун идома меёбад.
Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа масъалаҳои гуногуни соҳаи алоқаи барқии мамлакат, танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ баррасӣ гардида, ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ дар чанд бахш гузаронида мешавад.
Инчунин дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» ва Намоишгоҳи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор мегардад.
Ба ҷаласа иштирокчиён аз 19 давлати ҷаҳон ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) дават гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ доир ба танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ ҳар сол ду маротиба дар тамоми давлатҳои аъзо ҷаласа баргузор менамояд.