Дар шаҳри Роғун 86 иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт

Бахшида ба  ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бунёди  145  иншооти таъйиноташон гуногун    ба нақша гирифта шуда,   аз ин шумора  то ба имрӯз 86 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Аксари иншооти   ба нақша гирифта шуда , аз ҳисоби  соҳибкорон ва  буҷаи маҳаллӣ  бунёд мешавад. Боиси қайд аст, ки дар шаҳр  аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва дастгирии  соҳибкорон сохтмонӣ 55 иншооти дигар идома дошта, баъди бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо  ҷойҳои нави  кори доимӣ ва мавсимӣ муҳайё  мегарданд. Иншооти ба истифода дода шуда, аслан аз марказҳои хизматрасонӣ, маориф, тандурустӣ фарҳангу  майдончаҳои  варзишӣ, роҳу дигар иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ иборат аст.

Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии  шаҳри Роғун Фаридун Мирзозода зимни суҳбат ба мо иттилоъ дод, аслан дар арафаи иду ҷашнҳо  иншооти омода гашта   ҳамчун туҳфаи идона мавриди  баҳрабардории сокинони шаҳр  қарор дода мешавад.   «Дар рӯзҳои таҷлил  аз    Рӯзи Президенти мамлакат дар шаҳр 3 иншоот баъди сохтмон ва азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.  Аз ҷумла соҳибкор  Шарофат Мирова дар кӯчаи Сохтмончиёни маркази шаҳр бинои хуштарҳи дуошёнаро мавриди истифода қарор дод, ки маблағи барои бунёди ин  маркази хизматрасонӣ  сарф гардида беш аз 200000 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад. Дар ошёнаи аввали он  мағоза, нонпазхона, гӯшаи деҳқон ҷой гирифта, ошёнаи дуюм барои  коргоҳои дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва айни ҳол инҷо 10 нафар аксаран бонувони хонашин  соҳиби ҷойҳои корӣ шуданд.

 Дар деҳаи Қалъаи нави Ҷамоати деҳоти  Қадиоб бошад, Ҳасан Ҳусейн Сафаровҳо ба маблағи  наздики 300000 ҳазор сомонӣ бинои дуошёнаи  «Тӯйхона»-ро мавриди  баҳрабардорӣ қарор доданд.  Соҳибкорон дар ошёнаи аввал барои ҳамдиёрон ҳаммом, маркази таъмиру шустушуйи автомобил  ташкил намуда, ошёнаи дуюм барои баргузории тӯйю маърака пешбинӣ шудааст. Дар иншооти мазкур низ 10 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимю мавсимӣ  таъмин гардидаанд. Аз навсозии  бинои  маъмурии хоҷагии ҷангали шаҳр ба номи  Лоиқ Каримов низ ба анҷом расида, ҳусни шаҳраки  Обигармро афзун кардааст»- иброз дошт Фаридун Мирзозода.

Тавре иттилоъ дода шуд, ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ба истифода додани 4 иншооти идона дар яке аз ҷамоатҳои калонтарини  шаҳр, Ҷамоати деҳоти Қадиоб омда аст.

Бунгоҳи тиббии деҳаи  Чормағз, ки аз ҷониби соҳибкорон сохта шудаву тавассути дастгирии  КАТС – и шаҳр  бо таҷҳизотҳои  тиббӣ таъмин гардидааст имкон медиҳад, ки  сокинони ин деҳаи дурдаст низ  аз хизмати тиббӣ  бархурдор мешаванд. Дар деҳаи  Чашмаи ҷамоати мазкур бошад,  Ҳабиб Расулов аз ҳисоби  Ҷамъияти  чарогоҳистифода-барандагон сохтмони бинои маъмурӣ ва  клиникаи бойториро  ба анҷом расонидааст. Фаъолияти  клиникаи мазкур ба пешрафти соҳаи чорводорӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳадятулло Фозилов, сокини деҳаи Чашмаи Куло, дар шафати  боғи се гектараи худ, барои нигоҳдорӣ ва дастраси мардум намудани  меваи тару тоза   сардхонаи замонавиро  сохтаву  барои  истифода тайёр кардааст.

Ҳамчунин дар ҳамин деҳа  соҳибкор Раҳмон Раҳимов  барои  фуруш ва истеҳсоли  асали тару тоза сохтмони «Гӯшаи деҳқон»-ро анҷом дод.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани  иншоотҳои мазкур, шумораи  иншооти ба ифтихори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар шаҳри Роғун бунёдшаванда  ба 90 адад мерасад.

Боиси таъкид аст, ки соҳибкорони  шаҳри Роғун илова ба нақшаи таҳиягардида, боз 9 иншооти дигарро сохтаву  ба истифода доданд.

Ба ҳамин тартиб ривоҷи корҳои  бунёдкориву ободонӣ дар шаҳри Роғун идома дорад.

Нуралӣ Давлат, Низомиддин Шамсиён

радиои “Тоҷикистон”

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *