Бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар ноҳияи Дустӣ

Барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар ноҳияи Дӯстӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Масъулони соҳа, соҳибкорону волидайн кӯшиш карда истодаанд, ки дар ноҳия мушкилоти норасоии ҷойи нишастро ба пуррагӣ бартараф намоянд.

Маҳмадшариф Камолов, мудири маорифи ноҳияи Дӯстӣ

Мудири маорифи ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадшариф Камолов ба мо иттилоъ дод, ки ҳамасола аҳолӣ афзоиш ёфта, норасогии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба миён меояд. Ба ин хотир лозим аст, ки синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, мушкилоти норасогии ҷойи нишаст саривақт бартараф гардад.  Чуноне ки ӯ дар идомаи суханронияш илова кард: “ Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ҷойи нишаст айни замон дар назди як қатор муассисаҳои таълимии ноҳия сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои таълимии №5 чор синфхона, №35 се синфхона, №39 ду синфхона, №43 ду синфхона, №45 ду синфхона ва дар назди муассисаи таълимии №47 чор синфхона бунёд шуда истодааст, ки барои 425 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва волидайни хонандагон дар назди муассисаи таълимии № 8 даҳ синфхона ва дар назди муассисаи таълимии  №23 сохтмони нуҳ синфхонаи иловагӣ идома дорад”.

Тавре, ки Маҳмадшариф Камолов, мудири маорифи ноҳияи Дӯстӣ гуфт, ҳамасола теъдоди хонандагон то 900 нафар меафзоянд ва барои онҳо бунёди синфхонаҳои иловагӣ лозим меояд. Тибқи гуфтаи мудири маориф раванди зимистонгузаронӣ низ хуб ҷараён дорад. Мавриди зикр аст, ки масъулон барои давраи зимистони солҳои 2020 -2021 361 тонна ангишт ва 580 куб ҳезум захира кардаанд.

                                                                                  Нуралӣ Давлат,  Маҳмадалӣ Акрам

радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *