Дирӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода Дар ҷараёни сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик аз рафти корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг, ки дар Ҷамоати деҳоти “Кангурт” бунёд шуда истодааст дидан карданд.
Тавре дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ ба радиои “Тоҷикистон” доданд иншооти мазкур аз рӯйи лоиҳаи сохтмонӣ барои 500 нафар тамошобин бунёд гардида истодааст. Айни замон корҳои пардозгарӣ дар иншоот ҷараён дорад. Ба кори сохтмон 80 нафар бинокорону меъморон ҷалб гардидаанд. Корҳо дар ин самт идома дошта, дар назар аст, ки иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодаи умум қарор гирад.