Вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷаласаи мушовараи муштарак баргузор карданд

Санаи 3 марти соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва вазири кишоварзии Федератсияи Россия хонум Лут Оксана Николаевна ҷаласаи муштараки мушовараи вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федертсияи Россия доир гардид, ки дар он масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Ба маълумоти Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мушовараи муштараки вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федертсияи Россия як қатор масъалаҳои умда, аз ҷумла рафти татбиқи Харитаи роҳ миёни вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои солҳои 2023-2025 ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти савдои мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, воридоти тухмии навъи элитаи зироатҳои кишоварзӣ, содироти моҳӣ, аз ҷумла гулмоҳӣ, воридоти тухмии лаблабуи қанд  ва лаблабуи хӯроки чорво, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи назорати байторӣ ва фитосанитарӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани вазъи муътадили фитосанитарӣ ва эпизоотикӣ дар қаламрави ду кишвар ва сари вақт огаҳ намудани пайдоиши бемориҳои сироятии сарҳадгузар, ҳамкорӣ дар соҳаи селексия ва тухмипарварӣ, такмили ихтисоси намояндагони соҳаи тухмипарварӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии Федератсияи Россия, ҳамкорӣ дар  соҳаи обёрӣ, тадқиқоти инфраструктураи мавҷудаи комплекси мелиоративӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муштарак оид ба азнавсозии иншоотҳои обрасонӣ баррасӣ гардиданд.