4 марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамои расмии Системаи иттилоотии идоракунии маориф (EMIS) баргузор гардид. Тавре аз вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни муаррифӣ зикр гардид, то имрӯз зиёда аз 300 муассисаи таълимӣ ва 72 шуъбаи маориф ба системаи EMIS пайваст шудаанд. Бо густариши минбаъдаи ин лоиҳа, интизор меравад, ки тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ба ин низоми рақамӣ ворид хоҳанд шуд.
Масъулини Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм зарурати рушди минбаъдаи EMIS-ро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин система метавонад идоракунии муассисаҳои таълимиро ба сатҳи нав бардошта, таҳлили дақиқи равандҳои таълимиро таъмин намояд.
Лоиҳаи EMIS як системаи муосири иттилоотӣ мебошад, ки бо мақсади рақамикунонии пурраи низоми маориф таҳия шудааст. Ин система барои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти оморӣ ва таълимӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, идоракунии муассисаҳои таълимиро шаффоф ва самаранок мегардонад.
Бо татбиқи пурраи EMIS, идоракунии маориф дар кишвар ба сатҳи нав ворид шуда, тамоми равандҳои таълимӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ муосир ва самаранок хоҳанд гардид. Ин раванд на танҳо раванди қабули қарорҳоро дар соҳаи маориф беҳтар месозад, балки заминаи устувореро барои рушди соҳаи маориф дар оянда мегузорад.