Моҳи апрел дар шаҳри Осакаи Япония Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 баргузор мегардад

Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Япония аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025-ум бо иштироки 161 кишвари ҷаҳон ва 9 созмони байналмилалӣ баргузор мегардад ва аз он беш аз 28 миллион нафар дидан менамоянд. Намоишгоҳ зери шиори «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо» роҳандозӣ мешавад ва Тоҷикистон мавзӯҳои «Наҷоти ҳастӣ» ва «Пайванди ҳастӣ»-ро бо назардошти иқдом ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ интихоб намудааст.

Бо мақсади таъмини иштироки сазовори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Япония фаъолият дошта, 3 марти соли 2025 ҷаласаи дуюми он баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аз ҷониби масъулини вазорату идораҳо доир ба иҷрои корҳои анҷомдодашуда, аз ҷумла дизайни павилиони кишвар, интиқоли номгӯи молу маҳсулот, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ, намунаи нақшу нигораҳои фарҳанги миллӣ, инчунин сохти пиряхҳои табиати нодири ҷумҳурӣ ҳисобот дода шуд.

Дар анҷоми ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо – Раиси Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳ Завқизода Завқӣ Амин ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти муаррифии дастовардҳо ва имкониятҳои саноатию кишоварзӣ, саёҳию ҷолибиятҳои кишвар, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин омодагӣ барои сафарбар намудани ҳайати расмии ҷумҳурӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.