Баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон

4 марти соли 2025 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскеров Алимирзаминро ба ҳузур пазируфтааст.

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.