18-уми феврали соли 2025 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Ҳ. Шарифзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Демократии Ҳабашистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Исломобод) доктор Ҷамол Бакр Абдуллоро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Ҳабашистон дар Тоҷикистон
