Сарозер шудани автобуси мусофиркаш аз баландии 800 метр ва ҳалокати 31 нафар

Дар қисми ҷанубии Боливия як автобуси мусофирбар аз баландии 800 метр ба поён сарозер шуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 31 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, хабар медиҳад 24KZ. Миёни фавтидагон ду кӯдак буда, вазъи онҳо вазнин аст. Ҳамаи қурбониён ба беморхонаҳо интиқол ёфтанд. Ҳодиса дар минтақаи Потоси рух додааст.

Ба иттилои Мақомоти маҳаллӣ эҳтимол аст, ки шумори қурбониён афзоиш ёбад. Зеро вазъи саломатии маҷруҳон вазнин арзёбӣ мегардад. Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ идома дорад. Расонаҳои маҳаллӣ сабаби аслии садамаро ба суръати баланди ҳаракати автовбус рабт медиҳанд.