Севвумин Конфронси иқтисодии Хазар бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, энергетикӣ ва ҳамлу нақл миёни кишварҳои ҳаммарз бо дарёи Хазар дар Теҳрон оғоз шуд.
Бар асоси гузориши гурӯҳи сиёсии ИРНА, ин конфронс, ки мизбонии Муҳаммадризо Ареф, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон буд, дар маҷмааи таърихи фарҳангии Саъдобод дар Теҳрон баргузор шуд.Дар ин нишаст нахуствазирон ва вазирони Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон зимни баррасии тавофуқоти қаблӣ тавсеъаи ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ мекунанд.
Ин конфронс бо ҳадафи таҳкими равобити тиҷорӣ ва иқтисодии кишварҳои минтақа баргузор шуда, барои музокироти дуҷониба ва бисёрҷониба миёни мақомоти аршади иқтисодии ин кишварҳо замина фароҳам меорад. Ҳамзамон, сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода ҳамчун меҳмони вижа дар Ҳамоиши сеюми иқтисодии Хазар ширкат дорад.