Қазоқистон: Дар натиҷаи фурӯ рафтани як кон 7 нафар ба ҳалокат расид

Дар вилояти Улитауи Қазоқистон дар натиҷаи фуру рафтани кони «Казакмис» ҳафт нафар ба ҳалокат расид. Тавре расонаҳои хабарии маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд, ҳодиса шоми 17 феврал рух додааст.

Наҷотдиҳандагон ҷасади фавтидагонро аз зери харобаҳо ба берун бароварданд. Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар пайи таркиши гази табиӣ рух додааст. Дар робита ба ин ҳодиса Ҳукуматдорони маҳаллӣ ба олиаи фавтидагон кумакпулӣ доданд.

Қаблан расонаҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки охили моҳи декабри соли 2024, тақрибан 200 корманди ширкати «Казахмис» дар шаҳри Сатпаев бо талаби зиёд кардани маош ва беҳбуди шароити корӣ корпартоӣ карданд.