Хадамоти алоқа Маркази тамос барои қабули шикоятҳоро таъсис дод

Дар Хадамоти алоқа Маркази махсуси тамос барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон нисбат ба вазъи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ба шакли нави онлайнӣ ва интерактивӣ ба фаъолият пардохтааст.

Дар ин бора сомонаи Хадамоти алоқа хабар дода навиштааст, ки минбаъд шаҳрвандон метавонанд бо рақами кӯтоҳи 40-30 ба Хадамоти алоқа нисбат ба мушкилоте, ки доир ба хизматрасониҳои соҳаи алоқа ба миён меояд, муроҷиат намоянд.

Ба иттилои манбаъ, Маркази тамоси Хадамоти алоқа ба таври шабонарӯзӣ ва новобаста аз рӯзҳои истироҳатии ҳафта фаъолият мекунад

«Марказ дар асоси платформаи муосири онлайнӣ ва интерактивӣ ба системаҳои коммутатсионии тамоми операторони алоқаи барқии кишвар пайваст буда, ба гунаи ҳамгиро ва ҳамоҳанг арзу шикоятҳои воридшударо баррасӣ мекунад«- навиштааст, сомонаи Хадамоти алоқа.

Мақсад аз таъсиси Маркази тамос бо телефони боварии кӯтоҳро манбаъ «баланд бурдани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар кишвар, расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои дар соҳа ҷойдошта бо механзими содаву дастрас барои шаҳрвандон», арзёбӣ кардааст.