Юсуф Шарифзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод бо ҳайате аз тоҷикони Покистон муқими ин кишвар таҳти раҳбарии Сардор Мунир Аҳмадхони Тоҷик, раиси Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон мулоқот кардааст. Дар ин бора саҳифаҳои марбут ба Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо гузоштан чанд акс аз ин мулоқот хабар доданд.
Гуфта мешавад, дар ин дидор Сардор Мунир Аҳмадхони Тоҷик зимни муаррифии аъзои Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон аз талошҳои Сафорати Тоҷикистон дар таҳкими равобити ду кишвар қадрдонӣ карда, ҳамчунин бар аҳамияти ҳифз ва таблиғи фарҳангу забони тоҷикӣ дар миёни ҷамъияти тоҷикони Покистон таъкид намудааст.
Дар навбати худ Юсуф Шарифзода низ аз ин дидор изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тоҷикони покистониро дар бахшҳои мухталиф иброз доштааст. Вай ҳамчунин талошҳои ду кишвари бародар: Покистон ва Тоҷикистонро барои ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ назаррас номидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор ҷонибҳо бар аҳамияти ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳангу иқтисод, гуфтгӯ ва мубодилаи афкор намуданд.
Дар поёни ин дидор ду тараф бар идомаи чунин дидор ва ҳамкорӣ ба манзури таҳкими равобити ду кишвари Тоҷикистон ва Покистон муҳим шумориданд.
Ёдовар мешавад, ки тоҷикон яке аз ақвоми сернуфус дар Покистон ба шумор мераванд. Шумораи дақиқи онҳо маълум нест, аммо бар асоси маълумоти Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон тоҷикони ин кишвар аз 10 то 20 миллион нафарро ташкил медиҳанд.
Иттиҳоди миллии тоҷикони Покистон фаъолияти беш аз 50-сола дошта, ҳифзи фарҳангу забон, ҳувияти миллӣ, дақиқ намудани шумораи тоҷикон ва эътирофи расмии онҳо дар миёни ақвоми Покистон аз аҳдофи аслии он аст.