Аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ кам шудааст

Имрӯз зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 иттиллооъ дода шуд, ки дар ин давра шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда 74 корхонаро ташкил, ки ин нисбат ба аввали сол 50- то кам шудааст.

Ба гуфтаи Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар аз 74 корхонаи аз фаъолият бозмонда 59, 45 % ба корхонаҳое, ки аз соли 2008 то соли 2018 ва 40, 55 % аз соли 2019 то соли 2022 рост меояд.

Инчунин гуфта шуд, ки корхрнаҳои соҳаи саноати сабук ғайр аз корхонаҳои пахтатозакунӣ дар соли 2024 ба маблағи 3, 0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023 ба маблағи 261, 5 млн.сомонӣ зиёд мебошад ва суръати афзоиш 110 фоизро ташкил додааст.

Бинобар сабаби кам шудани ҳосили пахта дар соли 2024 корхрнаҳои копкарди пахта ба маблағи 1, 6 млрд сомонӣ нахи пахта истеҳсол намуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта ба миқдори 812 млн сомонӣ кам мебошад.

Вобаста ба масъалаи содирот зикр рафт, ки агар дар соли 2023 ба маблағи 51, 0 мил. доллари ИМА маҳсулоти асосии саноати хурокворӣ содирот шуда бошад, пас лар соли 2024 ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Қазоқистон, Россия, Туркия, Олмон, Хитой Узбекистон ва Гурҷистон ба маблаги 55, 1 мил.доллари амрикоӣ содирот шудааст ин нисбат ба соли 2023 108, 0% зиёд мебошад.

Олуфта Шарипова,

радиои «Тоҷикистон»