Зилзилашиносон соҳиби технологияҳои навтарини системаҳои иттилоотии географӣ гардиданд

Дар соли 2024 аз ҷониби олимони зилзилашиноси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои навтарини системаҳои иттилоотии географӣ харитаи арзёбӣ кардани хатарнокии сейсмикии марзи Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарии ниҳоди мазкур Президенти Академия Қобилҷон Хушвахтзода хабар дод.


Ба иттилои ӯ тартиб додани чунин харита имкон медиҳад, то ҷойи пайдоиши фуруравиҳо ва ярч, яъне лағжида фаромадани қабатҳои замин ҳангоми заминҷунбиҳо ошкор шавад.

Рустам Зоирзода,

радиои «Тоҷикистон»