ТАНЗИМ ВА МОНИТОРИНГИ НАРХИ МАҲСУЛОТ

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар соли 2024 ба ҷумҳурӣ 1 миллиону 57 ҳазор тонна гандум ворид шуда, нисбат ба соли 2023 2,3 фоиз афзоиш ёфт, воридоти орд низ ба ҷумҳурӣ  19, 7 фоиз бештар гардид, – гуфт муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ  Сафаралӣ  Курбонзода зимни нишасти матбуотӣ. Аз мониторинги 20 номгуи мол ва махсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ метавон хулоса кард, ки махсусан нархи гўшт 28,8 фоиз нисбат ба соли 2023 баланд шудааст.

Маҳсулоти дигари ниёзи аввалия – равғани растанӣ  буда, нархи миёнаи воридотии он 989 доллари амрикоӣ барои як тоннаро ташкил дода, 86 доллар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст. Воридоти ин маҳсулот 9 фоиз коҳиш ёфта,  истеҳсоли ин намуди маҳсулот дар корхонаҳои равғанбарории мамлакат 2,5 фоиз афзудааст. Истеҳсоли тухм бошад ҳарчанд дар ҷумҳурӣ 3,4 % афзуда, 1265,6 млн. донаро ташкил додааст, аммо воридоти он низ ба ҳаҷми 2 млн. дона бештар гардидааст, ки ин аз зиёд гардидани талабот дар бозори истеъмолӣ  дарак медиҳад.

Барои қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 5,4 млн. сомонӣ ошкор  ва ба буҷаи давлатӣ  ворид карда шуд. Дар давоми соли 2024 58 муроҷиати шахсони воқеиву ҳуқуқӣ  вобаста ба истифодабарии моликияти зеҳнӣ қабул шудааст, ки ин асосан барои нишонаҳои молии ширкатҳои гуногун мебошад.

Шоистаи Аҳмад

радиои Тоҷикистон