Қарзҳои ипотекӣ меафзояд

Дар соли 2024 ба 144 нафар ба маблағи 42 млн сомонӣ қарзҳои ипотекӣ бо18 фоизи солона пешниҳод карда шуд, — таъкид дошт  роҳбари КВД Амонатбонк  Алиҷон Салимзода зимни нишасти  матбуотӣ.

Амонатбонк соли 2024-ро бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст карда, ба 16 ҳазор корхонаву ташкилот ва 858 ҳазор нафақагирандагон  хизматрасонӣ намуда, 2,4  млн.  нафар  амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 адад  марказҳои хизматрасонӣ  аз  хизматрасониҳои гуногун истифода намуданд.  Сармояи бонк ба 990 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2023 15% афзоиш ёфтааст.

Бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 6,9 млрд. сомониро ташкил намуда, пасандозҳои аҳолӣ 2,8 млрд. сомониро ташкил додааст.  Пешниҳоди қарзҳо  бошад, ба 69 ҳазор муштарӣ 2,5 млрд. сомонӣ  буда, аз 2 то 4 банд фоизи қарзҳо поён рафтаанд. Аз Ҷумҳурии Узбекистон 39  млн. доллари ИМА ва аз Ҷумҳурии Қазоқистон 24 млн. доллар маблағҳои қарзӣ ҷалб карда шуда, дар соли 2025-ум 100 млн. юан ва 20 млн. доллари ИМА аз Ҷумҳурии мардумии Чин маблағҳои қарзӣ  ҷалб карда мешавад.

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”