Дар Душанбе намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ меоянд

Охирҳои моҳи апрели соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ бо ҷалби марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамоиши илмӣ баргузор мегардад. Дар ин бора Хайриддин Усмонзода директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, зимни инишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, ки вобаста ба гузаронидани ҳамоиш марказ ба Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ мактуб ирсол кардааст.

Ҷиҳати пешбурди робитаҳои илмию тадқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ бо 26 марказҳои тадқиқотии кишварҳои дигар созишномаҳо ба имзо расонидааст. Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода директори ин марказ аз ин шумора 3 адади онҳо дар соли 2024 имзо гардиданд.

Дар идомаи нишаст Хайриддин Усмонзода директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ гуфт, ки дар марказ давоми ду сол аст, ки маҳфили омӯзандагони забонҳои русӣ ва англисӣ амал мекунад, ки дар он кормандони марказ ба забономӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти васеъи сотсиологиро ба роҳ мондааст. Хайриддин Усмонзода директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ гуфт, ки тадқиқот то охири моҳи феврали соли равон идома карда, дар моҳи март натиҷаҳои он баррасӣ ва муайян карда мешаванд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои «Тоҷикистон»