Бо мақсади муаян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ дар як қатор субъектҳои хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид, ки дар натиҷаи онҳо қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 5,4 млн. сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус имруз зимни нишасти матбуотӣ Қурбонзода Сафаралӣ муовини якуми Хадамоти зиддиинҳисорӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар заминаи талаботи қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор мешаванд,» 20 номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохили кишвар гузаронида, тағирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд. Таҳлилҳо нишон доланд, ки аксаран номгӯи мазкур ё ин, ки ашёи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд, ки ин ба болоравии нархи онҳо дар бозори кишвар оварда мерасонад.
Инчунин қайд гардид, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳои худ фаъолияташро дар самти рушди соҳибкорӣ ва рақобат, инчунин пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ тақвият бахшида, якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори кишвар ва пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани он мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.