Ҳайати устодони унвондори Донишгоҳи тиҷорат дар соли гузашта комилтар шудааст

Дар соли 2024 ҳайати илмию омӯзгории Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 аз рӯйи 5 самт, 20 мавзӯъ ва 382 зермавзӯъ таҳқиқоти илмӣ гузаронидаанд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иттилоъ дода шуда, зикр гардид, ки дар  ин муддат 9 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ, 7 нафар омӯзгор пешдифои рисолаи номзадиро гузаштанд. Инчунин омӯзгороне, ки дар соли таҳсили ҷорӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуда, соҳиби диплом гардиданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин дар донишгоҳи мазкур дар соли 2024 табодули академӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъол дар шакли ҳузурӣ ва маҷозиро бо 9 Донишгоҳои байналмиллаӣ ба роҳ монда айни ҳол 19 нафар донишҷӯёни хориҷи ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар донишгоҳ дар соли ҷорӣ 47 нафар дар зинаи магистратура ва 1 нафар дар зинаи докторантура (Рhb) ба таҳсил фаро гирифта шуда, 46 нафар унвонҷӯ ва 35 нафар докторанти анъанавӣ таҳсил менамоянд. Дар соли  2024 зинаи магистратураро 14 нафар, аз ҷумла 12 нафар ба дипломи аъло хатм намудаанд.

Гулрӯ Ниёззода,

радиои «Тоҷикистон»