Дар соли 2024 идораҳои давлатии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба 75 ҳазору 292 истифодабарандаи об дар майдони 524 ҳазору 410 гектар замин шартномаи тарафайни хизмати обрасонӣ ба имзо расонида, ба онҳо мувофиқи дархост ва талаботашон дар ҳаҷми 3 миллиарду 724,7 миллион метри мукааб бо арзиши 179,2 млн сомонӣ хизмати обрасонӣ намуданд.
Дар ин бора директори Агентӣ — Зафар Давлатзода зимни нишасти хабарӣ, ки имрӯз доир гардид иттилоъ дода, ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи 63 млн, 13 ҳазор сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст.
Дар соли 2024, дар ҷумҳурӣ ба ҳар гектар замин 7,1 ҳазор метри мукааб об расонида шудааст.
Рустам Зоирзода,
радиои «Тоҷикистон»