Дар соли 2024 аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор ва бунёди плантатсияҳо дар майдони умумии 3239,2 гектар иҷро гардидааст, ки аз он бунёди ҷангал дар майдони 1067,2 гектар, барқароркунии ҷангал дар майдони 1860,4 гектар ва бунёди плантатсияҳои хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон майдони 311,6 гектарро ташкил медиҳад.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ, муовини аввали директори агентӣ Абдуҷаббор Юсуфзода ба журналистон иттилоъ дод.
Инчунин манбаъ илова намуд, ки корҳои мусоидат ба худбарқароршавии ҷангал дар майдони зиёда аз 3300 гектар ва пурракунии зичии ниҳолҳо дар майдони 620,7 гектар гузаронида шудааст.
Ҳамзамон бо мақсади таъмин намудани сабзиши ниҳолҳои нишонидашуда ва тухмиҳои кишт кардашуда дар майдони 13223 гектар корҳои нигоҳубини ҷангал, аз қабили нарм кардани бехи ниҳолҳо, мулчиронӣ, обмонӣ ва дигар чорабиниҳои гузаронида шуда, дар ин давра зиёда аз 180 гектар ба гурӯҳи заминҳои ҷангалпӯш гузаронида шудаанд.
Зоирзода Р.
радиои «Тоҷикистон»