Дар соли 2024 талафоти неруи барқ дар системаи энергетикӣ ба 4 млрд. 479, 7 млн. кВс соат ё 20 % баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 163, 2 млн. кВс ё 1, 2 % кам мебошад. Ин матлабро имрӯз 30 январи соли 2025 вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Инчунин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 22 млрд. 427, 7 млн. кВс соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2023 3% зиёд буда, нишондиҳандаҳои дурнамо соли 2024 дар сатҳи 99, 6 % иҷро карда шуд.
Вобаста ба содироти неруи барқ қайд гардид, ки дар ин давра ҳаҷми умумии содироти неруи барқ ба 2 млрд.478, 3 млн. кВс ё 906, 8 мил. сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба соли гузашта 203, 8 млн. кВс ё 7, 8% кам мебошад.
Ҳамзамон дар масъалаи воридоти гази табиӣ тавзеҳ дода шуд, ки дар соли 2024 воридоти гази табиӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 267, млн. м3 ё — ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 47, 1 мил. 1 млн. м3 ё 21, 4 % зиёд мебошад.
Олуфта Шарипова,
радиои «Тоҷикистон»